logo

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “АГЕНТИИ БОКОРТАЪМИНКУНӢ ДАР ХОРИҶА”

📢 МАЪЛУМОТНОМА: МУСОҲИБАИ РӮ БА РӮ БО ШИРКАТИ ДАВЛАТИ БАҲРАЙН БОМУВАФФАҚИЯТ СУПОРИД

16.07.2026
Номаълум

📢 МАЪЛУМОТНОМА: МУСОҲИБАИ РӮ БА РӮ БО ШИРКАТИ ДАВЛАТИ БАҲРАЙН БОМУВАФФАҚИЯТ СУПОРИД

Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шаҳрвандон мерасонад:

Рӯзи 07.07.2026 дар бинои Марказии Агентӣ мусоҳибаи бевосита ва рӯ ба рӯи довталабони кор бо намояндагони ширкати бонуфузи холдингии «Sevens Holding W.L.L» ва меҳмонхонаи панҷситорадори «Royal Saray Resort»-и Давлати Баҳрайн бомуваффақият доир гардид.

Бинобар сабаби маҳдуд будани вақти кории ҳайати намояндагон, чорабинӣ аз соати 08:00-и субҳ оғоз ёфта, довталабони зиёде дар он иштирок намуданд ва аз ғалбери интихоби корфармоён гузаштанд.

💼 Вакансияҳое, ки довталабон барои онҳо мусоҳиба супориданд:

  • 💁‍♂️ Пешхизматҳо (Waiter / Waitress) — Маош: 200 – 250 BHD (тақрибан $530 – $663);
  • 💼 Хостес (Hostess) — Маош: 250 – 300 BHD (тақрибан $663 – $795);
  • 🧹 Корманди тозакорӣ (Room Attendant) — Маош: 180 – 220 BHD (тақрибан $477 – $583);
  • 🤝 Агенти қабули меҳмонон (Guest Relation Agent) — Маош: 300 – 350 BHD (тақрибан $795 – $928);
  • 🍹 Бармен (Bartender) — Маош: 300 – 350 BHD (тақрибан $795 – $928).

Мусоҳиба қатъиян ба забони англисӣ сурат гирифта, сатҳи муошират, таҷрибаи корӣ дар соҳаи хизматрасонӣ (Hospitality) ва одобу намуди зоҳирии расмии номзадҳо аз ҷониби комиссия баҳои баланд гирифт.

💰 Шароитҳои корие, ки барои интихобшудагон таъмин карда мешаванд (аз ҳисоби корфармо):

  • 🏠 Ҷойи зисти роҳат, 🚌 нақлиёт ва 🏥 суғуртаи тиббӣ;
  • ✈️ Билети ҳавопаймо ва 📑 танзими визаи корӣ (Employment Visa);
  • 🍽️ Хӯроки ройгон дар вақти корӣ.

Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа ба ҳамаи довталабоне, ки сарвақт ҳозир шуда, қоидаҳо ва тартиби супоридани резюмеро риоя намуданд, миннатдорӣ изҳор мекунад.

МД «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»

🔔 Эзоҳ: Тамоми хизматрасониҳои машваратӣ ва ташкили мусоҳибаҳо дар Агентӣ комилан ройгон амалӣ карда мешаванд. Интихоби довталабон барои лоиҳаҳои ояндаи Агентӣ идома дорад!

logo

We denounce with righteous indignation and dislike men who are so beguiled and demoralized by the charms of pleasure of the moment, so blinded by desire.

Our Location
  • 54/1 New dhas sorini Asut, Melbord Austria
Quick Contact
Opening Hours
  • Monday - Friday
  • 10 am to 8 pm