logo

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “АГЕНТИИ БОКОРТАЪМИНКУНӢ ДАР ХОРИҶА”

Чорабииҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ  миёни сокинони шаҳру ноҳияиҳои Ноҳияҳои тобеъи марказ

28.07.2026
Номаълум

Чорабииҳои иттилоотиву фаҳмондадиҳӣ  миёни сокинони шаҳру ноҳияиҳои Ноҳияҳои тобеъи марказ

Дар асоси Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар Федератсияи Россия аз 17 апрели соли 2019, ва Созишномаи ҳамкорӣ миёни Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа” – и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ширкати ҶС “Пермтрансжелезобетон”-и Водии Перми Федератсияи Россия аз 8-уми июни соли 2026, бо мақсади ба роҳ мондани ҳамкорӣ ҷиҳати ба кор ҷалб намудани сокинони  Ноҳаяҳои тебеъи марказ: ноҳияи Рудакӣ, шаҳри Ҳисор, ноҳияи Варзоб, ноҳияи Шаҳринав ва шаҳри Турсунзода  дар Агентӣ нақша чорабиниҳо тасдиқ карда шуда, роҳбари гуруҳҳои ҳамкориҳои агентӣ бо давлатҳои аъзои ИДМ – Давлатов Умедҷон ва намояндаи ширкати ҶС “Пермтрансжелезобетон” – Филатова Любов Николаевна дар ҳамкорӣ Раёсату шуъбаҳои Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар шаҳру ноҳияҳои болозикр вохурӣ гузаронида шуд.

Дар вохуриҳо вобаста ба навовариҳо дар қонунгузории Федератсияи Россия, афзалиятҳои сафарбаркунии  муташаккилонаи шаҳрвандон корҳои иттилоотонӣ бо сокинон гузаронида шуд.

Инчунин ба нафароне, ки воридшавиашон ба қаламравӣ Федератсияи Россия маҳдуд гардидааст, иттилоотонида шуд, ки дар асоси Созишномаҳои ҳамкории фаъоли Агентӣ бо корфармоёни хориҷа,  ҷойҳои корӣ дар Ҷумҳурии Қазоқистон, Туркия, Олмон (барои нафарони аз 18 то 25 сола, донандагони забони немисӣ), Ҷопон (барои донандагони забони ҷопонӣ дараҷаи Н3), Баҳрайн, Давлати Қатар (барои донандагони забони англисӣ) ва нафарони аз 18 то 39 сола, ки забони кореягиро медонанд кор дар Корея пешниҳод карда мешаванд.

МД «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа» минбаъд низ ҳамкориро бо корфармоёни хориҷӣ ҷиҳати таъмини сокинон бо ҷойҳои кории бехатар ва қонунӣ идома медиҳад.

logo

We denounce with righteous indignation and dislike men who are so beguiled and demoralized by the charms of pleasure of the moment, so blinded by desire.

Our Location
  • 54/1 New dhas sorini Asut, Melbord Austria
Quick Contact
Opening Hours
  • Monday - Friday
  • 10 am to 8 pm