📢 ДИҚҚАТ! РӮЗИ ИЛОВАГИИ ОХИРИНИ МУСОҲИБА БАРОИ КОР ДАР ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ! 🇹🇷
ТАНҲО БАРОИ ВАКАНСИЯҲОИ МУШАХХАС!
Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон мерасонад, ки рӯзи 28 сентябр (душанбе), мӯҳлати иловагӣ барои иштирок дар мусоҳиба (собеседование) танҳо барои вакансияҳои зерин муайян карда шуд:
⏰ ВАҚТИ МУСОҲИБА: Рӯзи 28 сентябр (душанбе), аз соати 08:00 субҳ
💼 ВАКАНСИЯҲОЕ, КИ ҚАБУЛ ИДОМА ДОРАД:
- 🚜 Ронандаи мехлопат / Оператори боркунандаи пешбаранда (Оператор фронтального погрузчика / Мехлопата) — 1 100$
- 🏗 Ронандаи автоборкунак / Автокар (Водитель вилочного погрузчика / Автокара) — 1 100$
- 🏗 Мутахассиси васлкунӣ ва барҳамдиҳии дорбастҳои сохтмонӣ (Монтажник и демонтажник строительных лесов) — 900$
📋 ТАЛАБОТ БА КОРҶӮЁН:
- 👤 Синну сол: Аз 18 то 45-сола
- 🗣 Забондонӣ: Донистани забони англисӣ ё русӣ (дар сатҳи муоширати корӣ)
- 📑 Ҳуҷҷатҳо: Шиносномаи хориҷӣ (заграничный) ва надоштани доғи судӣ
- 🛡 Хусусиятҳои шахсӣ: Масъулиятшиносӣ, интизом ва омодагӣ ба кор
🏠 ШАРОИТҲОИ КОРӢ ВА ИМТИЁЗҲО:
- 💵 Маош: Аз 900$ то 1 100$ (вобаста ба ихтисос)
- 🛋 Ҷойи истиқомат (Манзил): Комилан ройгон аз ҷониби корфармо таъмин карда мешавад
- 🍽 Хӯрок: Комилан ройгон аз ҷониби корфармо таъмин карда мешавад
📝 ТАРТИБИ ИШТИРОК ВА БАҚАЙДГИРИИ ҲУҶҶАТҲО:
Хоҳишмандон метавонанд рӯзи 28 сентябр (душанбе) аз соати 08:00 бо шиносномаи хориҷӣ (заграничный) ба бинои марказии Агентӣ дар шаҳри Душанбе муроҷиат намоянд.
📍 Макони бақайдгирӣ ва мусоҳиба: Бинои Агентӣ – кӯчаи Лоҳутӣ, 80 (наздикии «Пивзавод»)
📞 ТАМОС БАРОИ МАЪЛУМОТ ВА БАҚАЙДГИРИИ ҲУҶҶАТҲО:
🏢 Маркази асосии Агентӣ (ш. Душанбе):
- Суроға: кӯчаи Лоҳутӣ, 80 (наздикии «Пивзавод»)
- Телефонҳо: 221-39-83, 221-39-85
- Рақамҳои мобилӣ ва WhatsApp:
- +992 55 555 1080
- +992 98 790 6666
- +992 91 576 7743
- +992 91 888 8679
🏢 Намояндагиҳо дар минтақаҳо:
- Вилояти Суғд: +992 92 777 0909, +992 88 440 6633
- Вилояти Хатлон: +992 905 800 063, +992 93 487 8828
- ВМКБ: +992 935 101 439, ВМКБ (ш. Хоруғ): +992 935 771 075
📌 Эзоҳ: Ҳамаи хизматрасониҳои машваратӣ ва қабули ҳуҷҷатҳо дар Агентӣ ва намояндагиҳои он дар вилоятҳо комилан ройгон амалӣ карда мешаванд.