Ба диққати шаҳрвандоне, ки дар Корея Ҷанубӣ мувофиқи барномаи EPS topik кор кардан мехоҳанд!
Муассисаи давлатии Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷаи Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон расонида мешавад, ки нафароне, ки нияти кор карданро дар Корея соҳаи истеҳсолот доранд, аз санаи 10-уми августи соли 2026 давраи бақайдгирии электронии шаҳрвандон барои иштирок дар санҷиши “EPS topik”-и Корея оғоз мегардад. Бо пардохт намудани маблағи боҷи имтиҳон дар ҳаҷми 330 сомон дар бинои Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа тибқи низоми EPS topik бақайдгирии электронӣ ба роҳ монда мешавад.
Талаботи иштирок дар имтиҳони EPS topik:
-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- донистани забони кореягӣ тибқи низоми EPS topik;
- синну сол аз 18 то 39 сола;
- надоштани доғи судӣ;
- надоштани ихроҷшавӣ (депортация) аз Корея;
-шахсони солим бидуни бемориҳои сироятӣ;
Маълумотҳои муҳим барои номнавис шудан:
- Рақами телефон;
- Шакли электронии шиносномаҳои хориҷӣ;
- Расми рангаи электронӣ ҳаҷми 3,5×4,5 дар фони сафед;
Маълумотҳо бояд дуруст ва бо ҳарфҳои лотинӣ ворид карда шаванд!
Маълумотҳоро тариқи шиносномаи хориҷӣ бе хато ворид намудан талаб карда мешавад.
Шахсоне, ки маълумотҳоро нодуруст ворид намудаанд дар имтиҳон иштирок карда наметавонанд ё ин ки ба онҳо виза намебарояд!
📍 ТАМОС БАРОИ МАЪЛУМОТ ВА БАҚАЙДГИРӢ:
🏠 Маркази асосии Агентӣ (ш. Душанбе):
Суроға: кӯчаи Лоҳутӣ, 80 (наздикии «Пивзавод»)
📞 Тел: 221-39-67, 221-39-83
📱 Рақамҳо (WhatsApp): +992 55 555 1080 | +992 987 906 666 | +992 91 576 7743 | +992 930 934 994
🗺️ Макон дар харита: https://maps.app.goo.gl/x5c5rSkop6LJUPD19
🏠 Намояндагиҳо дар минтақаҳо:
📍 Вилояти Суғд: +992 92 777 0909
📍 Вилояти Хатлон: +992 905 800 063, +93 487 8828
📍 ВМКБ: +992 935 101 439
МД «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»
🔔 Эзоҳ: Тамоми хизматрасониҳои машваратӣ ва ташкили мусоҳибаҳо дар Агентӣ комилан ройгон амалӣ карда мешаванд.