logo

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “АГЕНТИИ БОКОРТАЪМИНКУНӢ ДАР ХОРИҶА”

📢 ФУРСАТИ ИНТИХОБИ ҶОЙИ КОР ДАР ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ 🇹🇷

03.09.2026
Номаълум

📢 ФУРСАТИ ИНТИХОБИ ҶОЙИ КОР ДАР ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ 🇹🇷

БАҚАЙДГИРИИ ШАҲРВАНДОН ОҒОЗ ГАРДИД!

Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон мерасонад, ки қабул ва бақайдгирӣ барои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар Ҷумҳурии Туркия расман оғоз ёфт.


💼 ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ ВА МАОШ:

  • 👷‍♂️ Коргари оддӣ700$
  • 👨‍🏭 Кафшергар900$
  • Барқчӣ850$
  • ⚙️ Таррот (Токарь)900$
  • 🛠 Мутахассиси таъмири механикӣ850$
  • 🚜 Оператори боркунандаи пешбаранда (Лодер)1 100$
  • 🚜 Ронандаи автоборкунак (Форклифт)1 100$
  • 🏗 Устои таъмири техникаи вазнин ва сохтмонӣ1 250$

📋 ТАЛАБОТ БА ДОВТАЛАБОН:

  • 👤 Синну сол: аз 18 дошта 45-сола
  • 🗣 Забондонӣ: Донистани забони англисӣ ё русӣ (дар сатҳи муоширати корӣ)
  • 📄 Шиносномаи хориҷӣ (заграничный) ва надоштани доғи судӣ
  • 🛡 Хусусиятҳои шахсӣ: Масъулиятшиносӣ, интизом ва омодагӣ ба кор

💰 ШАРОИТҲОИ КОРӢ ВА ИМТИЁЗҲО:

  • 💵 Маош: Аз 700$ то 1 250$ (вобаста ба ихтисос ва вазифа)
  • 🏠 Ҷойи истиқомат (Манзил): Комилан ройгон аз ҷониби корфармо таъмин карда мешавад
  • 🍲 Хӯрок: Комилан ройгон аз ҷониби корфармо таъмин карда мешавад

📝 ТАРТИБИ БАҚАЙДГИРИИ ҲУҶҶАТҲО:

Барои бақайдгирӣ хоҳишмандон метавонанд бо шиносномаи хориҷӣ (заграничный) ба бинои марказии Агентӣ дар шаҳри Душанбе ё намояндагиҳои он дар вилоятҳо муроҷиат намоянд.

  • 📍 Макони бақайдгирӣ: Бинои Агентӣ – кӯчаи Лоҳутӣ, 80 (наздикии «Пивзавод»)

📞 ТАМОС БАРОИ МАЪЛУМОТ ВА БАҚАЙДГИРӢ:

🏢 Маркази асосии Агентӣ (ш. Душанбе):

🏢 Намояндагиҳо дар минтақаҳо:

  • Вилояти Суғд: +992 92 777 0909, +992 884406633
  • Вилояти Хатлон: +992 905 800 063, +992 93 487 8828
  • ВМКБ: +992 935 101 439, ВМКБ (ш. Хоруғ): +992 935 771 075

📌 Эзоҳ: Ҳамаи хизматрасониҳои машваратӣ ва қабули ҳуҷҷатҳо дар Агентӣ комилан ройгон амалӣ карда мешаванд.

logo

We denounce with righteous indignation and dislike men who are so beguiled and demoralized by the charms of pleasure of the moment, so blinded by desire.

Our Location
  • 54/1 New dhas sorini Asut, Melbord Austria
Quick Contact
Opening Hours
  • Monday - Friday
  • 10 am to 8 pm