📢 ФУРСАТИ ИНТИХОБИ ҶОЙИ КОР ДАР ҶУМҲУРИИ ТУРКИЯ! 🇹🇷
БАҚАЙДГИРИИ ШАҲРВАНДОН ИДОМА ДОРАД!
Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷӯҳи шаҳрвандон мерасонад, ки қабул ва бақайдгирӣ барои фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар Ҷумҳурии Туркия идома дорад.
📅 РӮЗИ МУСОҲИБА (СОБЕСЕДОВАНИЕ): 19-20 сентябр (шанбе ва якшанбе) (Гузаронида шуд)
💼 ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ ВА МАОШ:
- 👨🏭 Кафшергар (Сварщик) — 900$
- ⚡ Барқчӣ (Электрик) — 850$
- 🛠 Таррот (Токарь) — 900$
- 🔧 Мутахассиси таъмири механикӣ (Слесарь-механик / Специалист по ремонту) — 850$
- 🏗 Мутахассиси васлкунӣ ва барҳамдиҳии дорбастҳои сохтмонӣ (Монтажник и демонтажник строительных лесов) — 900$
- 🚜 Оператори боркунандаи пешбаранда (Оператор фронтального погрузчика / Лодер) — 1 100$
- 🏗 Ронандаи автоборкунак (Водитель вилочного погрузчика / Форклифт) — 1 100$
- 🚜 Устои таъмири техникаи вазнин ва сохтмонӣ (Мастер по ремонту тяжелой и строительной техники) — 1 250$
📋 ТАЛАБОТ БА КОРҶӮЁН:
- 👤 Синну сол: Аз 18 то 45-сола
- 🗣 Забондонӣ: Донистани забони англисӣ ё русӣ (дар сатҳи муоширати корӣ)
- 📑 Ҳуҷҷатҳо: Шиносномаи хориҷӣ (заграничный) ва надоштани доғи судӣ
- 🛡 Хусусиятҳои шахсӣ: Масъулиятшиносӣ, интизом ва омодагӣ ба кор
🏠 ШАРОИТҲОИ КОРӢ ВА ИМТИЁЗҲО:
- 💵 Маош: Аз 700$ то 1 250$ (вобаста ба ихтисос ва вазифа)
- 🛋 Ҷойи истиқомат (Манзил): Комилан ройгон аз ҷониби корфармо таъмин карда мешавад
- 🍽 Хӯрок: Комилан ройгон аз ҷониби корфармо таъмин карда мешавад
📝 ТАРТИБИ БАҚАЙДГИРИИ ҲУҶҶАТҲО:
Барои бақайдгирӣ хоҳишмандон метавонанд бо шиносномаи хориҷӣ (заграничный) ба бинои марказии Агентӣ дар шаҳри Душанбе ё намояндагиҳои он дар вилоятҳо муроҷиат намоянд.
📍 Макони бақайдгирӣ: Бинои Агентӣ – кӯчаи Лоҳутӣ, 80 (наздикии «Пивзавод»)
📞 ТАМОС БАРОИ МАЪЛУМОТ ВА БАҚАЙДГИРИИ ҲУҶҶАТҲО:
🏢 Маркази асосии Агентӣ (ш. Душанбе):
- Суроға: кӯчаи Лоҳутӣ, 80 (наздикии «Пивзавод»)
- Телефонҳо: 221-39-83, 221-39-85
- Рақамҳои мобилӣ ва WhatsApp:
- +992 55 555 1080
- +992 98 790 6666
- +992 91 576 7743
- +992 91 888 8679
🏢 Намояндагиҳо дар минтақаҳо:
- Вилояти Суғд: +992 92 777 0909, +992 88 440 6633
- Вилояти Хатлон: +992 905 800 063, +992 93 487 8828
- ВМКБ: +992 935 101 439, ВМКБ (ш. Хоруғ): +992 935 771 075
📌 Эзоҳ: Ҳамаи хизматрасониҳои машваратӣ ва қабули ҳуҷҷатҳо дар Агентӣ ва намояндагиҳои он дар вилоятҳо комилан ройгон амалӣ карда мешаванд.