Кор дар Арабистони Саудӣ
Муассисаи давлатии “Агентии бокортаъмикунӣ дар хориҷа”-и Вазорати меҳнат,
муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хоҳишмандонро санаи 27.02.2025
соати 10:00 барои иштирок дар мусоҳиба бо иштироки корфармои Ширкати “Арко”-и
Арабистони Саудӣ барои кор ҳамчун пешхизмат бо шартҳои зерин даъват менамояд:
- Сину соли мувофиқ аз 21 то 35 сола тибқи созишнома;
- Музди меҳнат 2500 риёл;
- Донистани забони англисӣ ва арабӣ (дар сатҳи муошират);
- Надоштани доғи судӣ;
Макони баргузории мусоҳиба бинои Агентии бокортаъмикунӣ дар хориҷа воқеъ дар
суроғаи: шаҳри Душанбе, кӯчаи Лоҳутӣ бинои 108, тел: 221-39-67, +992555551080,
+992987906666, +992930934994, +992934535193 ва +992918888679.