logo

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “АГЕНТИИ БОКОРТАЪМИНКУНӢ ДАР ХОРИҶА”

ВАСЕЪ НАМУДАНИ ҲАМКОРИҲО ДАР САМТИ САФАРБАРКУНИИ МУТАШАККИЛОНАИ ШАҲРВАНДОН БА ШАҲРИ САНКТ-ПЕТЕРБУРГ ВА ВИЛОЯТИ ЛЕНИНГРАД

22.08.2026
Номаълум

ВАСЕЪ НАМУДАНИ ҲАМКОРИҲО ДАР САМТИ САФАРБАРКУНИИ МУТАШАККИЛОНАИ ШАҲРВАНДОН БА ШАҲРИ САНКТ-ПЕТЕРБУРГ ВА ВИЛОЯТИ ЛЕНИНГРАД

Дар асоси татбиқи Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Россия «Оид ба ҷалби муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти меҳнатии муваққатӣ дар Федератсияи Россия», вохӯрии гурӯҳи корӣ таҳти роҳбарии Директори МД «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовини Кумитаи ҳамкориҳои байналмилалии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои бокортаъминкунии муташаккилонаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград баррасӣ гардида, Созишномаи ҳамкорӣ бо Ассотсиатсияи мусоидат ба муҳоҷирати меҳнатии байналмилалии шаҳри Санкт-Петербург ва корфармоёни зерин ба имзо расонида шуд:

  • ҶДММ «Мастер принт»
  • ҶСП «Березовское»
  • ҶДММ «Инжиниринг СВ»
  • СИ «Шопен Дмитрий Алексеевич»

Инчунин дар доираи сафари корӣ намояндагон аз Маркази муҳоҷирати «Южный», ки ба шаҳрвандони хориҷӣ ҳуҷҷатҳои будубоши қонуниро дар ҳудуди шаҳри Санкт-Петербург ва вилояти Ленинград барасмият медарорад, боздид намуда, бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии бевосита гузарониданд.

📋 ТАЛАБОТ ВА ИМКОНИЯТҲО БАРОИ ШАҲРВАНДОН:

  • ⚖️ Кормандонии қонунӣ: Омодасозии ҳуҷҷатҳо ва сафарбаркунии муташаккилона тавассути корфармоёни мустақим.
  • 🛡 Ҳифзи ҳуқуқӣ: Таъмини шароити кории бехатар ва кафолати иҷтимоӣ дар асоси созишномаҳои баимзорасида.

📞 ТАМОС БАРОИ МАЪЛУМОТ ВА БАҚАЙДГИРӢ:

🏢 Маркази асосии Агентӣ (ш. Душанбе):

🏢 Намояндагиҳо дар минтақаҳо:

  • Вилояти Суғд: +992 92 777 0909
  • Вилояти Хатлон: +992 905 800 063, +992 93 487 8828
  • ВМКБ: +992 935 101 439

📌 Эзоҳ: Тамоми хизматрасониҳои машваратӣ ва ташкили мусоҳибаҳо дар Агентӣ комилан ройгон амалӣ карда мешаванд.

logo

We denounce with righteous indignation and dislike men who are so beguiled and demoralized by the charms of pleasure of the moment, so blinded by desire.

Our Location
  • 54/1 New dhas sorini Asut, Melbord Austria
Quick Contact
Opening Hours
  • Monday - Friday
  • 10 am to 8 pm