logo

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “АГЕНТИИ БОКОРТАЪМИНКУНӢ ДАР ХОРИҶА”

📢 ДАЪВАТ БА КОР ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ! 🇷🇺

03.09.2026
Номаълум

📢 ДАЪВАТ БА КОР ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ! 🇷🇺

ШАҲРИ САНКТ-ПЕТЕРБУРГ — ШИРКАТИ СОХТМОНӢ

Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро барои фаъолияти меҳнатӣ дар ширкати сохтмонии шаҳри Санкт-Петербург даъват менамояд!

💼 ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ:

  • 👷‍♂️ Коргарони оддӣ (Разнорабочие)
  • 🧱 Хиштчиён (Каменщики)
  • 🔲 Кошинкорон (Плиточники)
  • 🎨 Рангмолҳо (Маляры)
  • 🛠 Ганҷкорон / Штукатурҳо (Штукатуры)

💰 МУЗДИ МЕҲНАТ ВА ШАРОИТИ МАЕШӢ:

  • 💵 Музди корӣ: аз 3 080 рубл барои як баст
  • 📈 Даромади рӯзона: аз 5 000 то 7 000 рубл дар як рӯз (вобаста ба ҳаҷми кори иҷрошуда)
  • Мӯҳлати санҷишӣ: 2 ҳафта (ҳаққи кор пурра пардохт карда мешавад)

🏠 БАСТАИ ИҶТИМОӢ ВА ШАРОИТИ РОЙГОН:

  • 🏢 Ҷойи истиқомат: Хобгоҳи замонавӣ ройгон (дар як ҳуҷра 8 кас, катҳои 2-ошёна, тамоми таҷҳизот ва зарфҳо барои омода кардани хӯрок мавҷуд аст)
  • 🍲 Хӯрок: 1 маҳал хӯроки гарми ройгон дар давоми басти корӣ
  • 🚌 Транспорт: Расонидан аз хобгоҳ то ҷойи кор ва баръакс
  • 📄 Кӯмак бо ҳуҷҷатҳо: Корфармо барои гирифтани патент ва бақайдгирии муҳоҷиратӣ (регистрация) кӯмаки ҳуқуқӣ ва амалӣ мерасонад
  • ✈️ Трансфер: Намояндаи ширкат Шуморо аз фурудгоҳ пешвоз мегирад ё тавассути телефон роҳнамоӣ мекунад

🕒 ШАРОИТИ КОР:

  • 🗓 Реҷаи корӣ: 11 соат (аз 08:00 то 20:00)
  • 🔄 Ҷадвали корӣ: Имконияти интихоби реҷаҳои 2/2 ё 5/2 мавҷуд аст

📋 ТАЛАБОТ БА НОМЗАДҲО:

  • 👨 Ҷинс ва синну сол: Мардони аз 18 то 45-сола
  • 🏥 Саломатӣ: Саломатии хуб (надоштани бемориҳои музмини вазнин)
  • 🗣 Забондонӣ: Донистани забони русӣ (ҳатмист)

📌 Эзоҳ: Хароҷоти роҳкиро ва расмикунонии ҳуҷҷати иҷозатномаи корӣ (патент) аз ҳисоби корҷӯй пардохт карда мешавад.

📞 ТАМОС БАРОИ МАЪЛУМОТ ВА БАҚАЙДГИРИИ ҲУҶҶАТҲО:

🏢 Маркази асосии Агентӣ (ш. Душанбе):

  • Суроға: кӯчаи Лоҳутӣ, 80 (наздикии «Пивзавод»)
  • Телефонҳо: 221-39-83, 221-39-85
  • Рақамҳои мобилӣ ва WhatsApp:
    • +992 91 888 8679
    • +992 55 555 1080
    • +992 98 790 6666
    • +992 91 576 7743

🏢 Намояндагиҳо дар минтақаҳо:

  • Вилояти Суғд: +992 92 777 0909, +992 88 440 6633
  • Вилояти Хатлон: +992 905 800 063, +992 93 487 8828
  • ВМКБ: +992 935 101 439, ВМКБ (ш. Хоруғ): +992 935 771 075

📌 Эзоҳ: Ҳамаи хизматрасониҳои машваратӣ ва қабули ҳуҷҷатҳо дар Агентӣ комилан ройгон амалӣ карда мешаванд.

logo

We denounce with righteous indignation and dislike men who are so beguiled and demoralized by the charms of pleasure of the moment, so blinded by desire.

Our Location
  • 54/1 New dhas sorini Asut, Melbord Austria
Quick Contact
Opening Hours
  • Monday - Friday
  • 10 am to 8 pm