logo

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУАССИСАИ ДАВЛАТИИ “АГЕНТИИ БОКОРТАЪМИНКУНӢ ДАР ХОРИҶА”

📢 ДАЪВАТ БА КОР ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ! 🇷🇺

03.09.2026
Номаълум

📢 ДАЪВАТ БА КОР ДАР ФЕДЕРАТСИЯИ РОССИЯ! 🇷🇺

ШАҲРИ САНКТ-ПЕТЕРБУРГ — КОРХОНАИ ИСТЕҲСОЛИ МАҲСУЛОТИ ПЛАСТИКӢ

Муассисаи давлатии «Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа»-и Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрвандонро барои фаъолияти меҳнатӣ дар корхонаи истеҳсоли маҳсулоти пластикӣ барои бастабандӣ дар шаҳри Санкт-Петербург даъват менамояд!

💼 ҶОЙҲОИ КОРИИ ХОЛӢ ВА ВАЗИФАҲО:

  • ⚙️ Оператори таҷҳизот (Оператор оборудования)
  • 🏭 Уҳдадориҳои асосӣ: Идоракунии дастгоҳҳо (станокҳо), кор бо таҷҳизоти сех ва иҷрои нақшаи истеҳсолот

💰 МУЗДИ МЕҲНАТ ВА МУКОФОТПУЛӢ:

  • 💵 Музди корӣ: аз 80 000 то 140 000 рубл (баъд аз супоридани андозҳо)
  • 📊 Вобастагии маош: Ҳаҷми маош мустақиман ба маҳорат, таҷриба ва миқдори соатҳои кории шумо вобаста аст

🤝 БАСТАИ ИҶТИМОӢ ВА КӮМАК БА КОРГАРОН:

  • 📑 Бақайдгирии мигратсионӣ (регистрация): Аз ҳисоби корхона дар ҷойи истиқомат омода карда мешавад
  • 💳 Патент: Барои супоридани маблағи патент ба коргар ба муҳлати 6 моҳ қарзи бефоиз дода мешавад (маблағ қисман аз маош кам карда мешавад)
  • 🤝 Трансфер: Корманди ширкат шуморо аз фурудгоҳ то ҷойи зист ҳамроҳӣ мекунад
  • 🏠 Ҷойи зист: Ширкат дар ёфтани ҷойи зист кӯмак мерасонад (хароҷоти ҷойи зист ва хӯрокворӣ аз ҳисоби худи коргар аст)
  • 🎓 Омӯзиш: Дар ҷойи кор ба таври ройгон омӯзонида мешавад

🕒 РЕҶАИ КОР ВА ШАРОИТ:

  • Бандгӣ: Кор бо реҷаи пурра (полная занятость)
  • 🗓 Ҷадвали корӣ (График): 5/2, 8 соат дар як рӯз (аз соати 08:00 то 17:00)
  • 🌙 Соатҳои иловагӣ: Сменаҳои иловагии кории шабона ё берун аз вақти корӣ (сверхурочные) имконпазиранд
  • Мӯҳлати санҷишӣ: 1 ҳафта (пурра пардохт карда мешавад)

📋 ТАЛАБОТ БА НОМЗАДҲО:

  • 👨 Ҷинс ва синну сол: Танҳо барои мардони аз 18 то 45-сола
  • 🛠 Таҷриба: Таҷрибаи кор бо техника ва технология тавсия дода мешавад
  • 🗣 Забондонӣ: Донистани забони русӣ ҳатмист
  • 🎯 Хусусиятҳо: Фаъол будан, дақиқкорӣ ва диққатбахшӣ ба кор
  • 🏥 Саломатӣ: Набудани маҳдудиятҳои ҷиддӣ барои кори ҷисмонӣ (кори истода аст; отсутствия заболеваний варикоза и болей в суставах)

📌 Эзоҳ: Хароҷоти роҳкиро (то Русия ва дохили шаҳр) аз ҳисоби корҷӯй пардохт карда мешавад.

📞 ТАМОС БАРОИ МАЪЛУМОТ ВА БАҚАЙДГИРИИ ҲУҶҶАТҲО:

🏢 Маркази асосии Агентӣ (ш. Душанбе):

  • Суроға: кӯчаи Лоҳутӣ, 80 (наздикии «Пивзавод»)
  • Телефонҳо: 221-39-83, 221-39-85
  • Рақамҳои мобилӣ ва WhatsApp:
    • +992 91 888 8679
    • +992 55 555 1080
    • +992 98 790 6666
    • +992 91 576 7743

🏢 Намояндагиҳо дар минтақаҳо:

  • Вилояти Суғд: +992 92 777 0909, +992 88 440 6633
  • Вилояти Хатлон: +992 905 800 063, +992 93 487 8828
  • ВМКБ: +992 935 101 439, ВМКБ (ш. Хоруғ): +992 935 771 075

📌 Эзоҳ: Ҳамаи хизматрасониҳои машваратӣ ва қабули ҳуҷҷатҳо дар Агентӣ комилан ройгон амалӣ карда мешаванд.

logo

We denounce with righteous indignation and dislike men who are so beguiled and demoralized by the charms of pleasure of the moment, so blinded by desire.

Our Location
  • 54/1 New dhas sorini Asut, Melbord Austria
Quick Contact
Opening Hours
  • Monday - Friday
  • 10 am to 8 pm